чарбзабонӣ — [چرب زباني] 1. хушсуханӣ, чарбгуфторӣ, ширинсуханӣ 2. тамаллуқ, чоплусӣ, хушомадгӯӣ; чарбзабонӣ кардан хушомадгӯӣ кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
лаб — [لب] 1. канори берунии атрофи даҳони одам ва баъзе ҳайвонҳо, ки дандонҳоро мепӯшонад: лаби боло, лаби поин, лаби тунук, лаби ғафс, лаби гулгун, лаби майгун, лаби пурханда, лаби хандон, лаби ҷонбахш, кунҷи лаб, лабро пок кардан, лабони касе ба… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
забонбозӣ — [زبان بازي] тамаллуқ, хушомадгӯӣ, чоплусӣ; забонбозӣ кардан суханпардозӣ кардан; чарбзабонӣ кардан барои гузарондани матлаби худ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
забончарб — [زبان چرب] хушзабон, ширинзабон, чарбзабон … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
лаҳҷа — [لهجه] а 1. тарзи сухан гуфтан ва талаффузи хоси як маҳал 2. збш. навъи забони гуфтугӯии умумихалқӣ, ки дар ҳудуди муайян муоширату мубодилаи афкори мардум бо он сурат мегирад, шева, диалект; лабу лаҳҷа карда чарбзабонӣ карда, гапдонӣ карда … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
лоба — [لابه] 1. зорӣ, тавалло 2. хушомадгӯӣ бо аҷзу фурӯтанӣ аз роҳи ҳила, чоплусӣ бо чарбзабонӣ 3. фиреб, ҳила, найранг 4. шӯхӣ, ҳазл; лобаҳои фарох бозӣ ва шӯхии бисёр … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
равғанзабонӣ — [روغن زباني] чарбзабонӣ, нармгуфторӣ, хушгапӣ, хушомадгӯӣ ◊ бо равғанзабонӣ мум (бар)афрӯхтан суханҳои мулоим ва форам гуфтан, ширинзабонӣ ба кор бурдан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
суханбоз — [سخن باز] 1. бо сухан моткунанда, чарбзабон 2. беҳудагӯй, лофзан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
тамаллуқгӯӣ — [تملق گوئي] хушомадгӯӣ, чарбзабонӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
фалоҳат — [فلاحت] а. кит 1. кишоварзӣ, деҳқонӣ, барзгарӣ 2. чарбзабонӣ ва фиреб дар хариду фурӯш … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ